We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Латифахои халкии точики | латифа латифахо 圖標

12.02 by some simpe


2018年10月13日

關於Латифахои халкии точики | латифа латифахо

中文(繁體)

Latifaҳoihalқiitoҷikӣ(latifaҳo,阿凡提,阿凡提zanash VA)

Хуш омадед!

Латифаҳои халқии тоҷикӣ, мисли зарбулмасалу мақолхо, асосан, орифонаанд ва гумони ғолиб ин ки ҳам гӯянда ва ҳам қахрамонони онҳо аксар аз ҷумлаи орифон будаанд.

Хонандаи азиз, агар ба латифаҳои китоби рӯи даст аз ин дарича низ назарандозй кунанд, лаззати дубаҳра хоҳӣ бурд.

Дар ин барнома шумо метавонед беҳтарин Афанди ва Латифаҳои Тоҷикиро хонед! Афанди нав харруза дохил карда мешавад. Ин барнома бисёр осон фахм аст.

СИРРИ ҶОВИДОНАИ УМРИ АФАНДӢ

Худо шинухез, корубор ва гуфту гузори Афандиро му- шоҳида карда, ба Азроил гуфт:

- Бифарову бипурс, ки Афандӣ аз мо чӣ талаб дорад?

Азроил аз оемон фаромаду пеши Афандӣ омада гуфт:

- Ман Азроилам, ту марди шӯхиву ширин мегуӣ, зарифиву ҳозирҷавоб, офаридгор аз ту розист ва мехохад, ки аз ӯ чӣ талаб дорӣ, бигӯ, ман ба ӯ мерасонам, ӯ туро ба мурод мерасонад.

Афандӣ ин суханонро аз забони Азроил шунавида, гуфт:

- Ту, Азроил бошӣ, аввал ба ман бигӯ, ки касбу корат чист?

- Гуфт:

Тавассути ман бандагон ҷон ба ҳак месупоранд.

- Пас бирав ва ба парвардигор бигӯ, ки ҳаргиз туро бо ман рӯбарӯ накунад.

Ҷони Афандӣ барои умрҳо дар амон монд.

БАРОБАРИ ПИСАРАМ БУДАӢ

Рӯзе Шайтон ба Афандӣ худро таъриф карда гуфт:

- Ту назди ман як бача ҳастӣ.

- Ту чанд солаӣ? — Пурсид Афандӣ.

- Ҳазорсола, - ҷавоб дод Шайтон.

Афандӣ ҷавоби ӯро шунида, ба хаёл рафт. Шайтон пурсид:

- Эй Афандӣ, чаро якбора ба хаёл рафти? Ғамгин мабош, ту ҳам ягон вақт ҳазорсола мешавӣ, албатта, агар умр бароят вафо кунад.

- Ба хаёл рафтани ман сабаб дорад, — гуфт Афандӣ, — нӯҳсаду наваду нӯҳ сол пеш писари нахустинам....???

3

ШУМО ДАР ХОНА НЕСТЕД-КУ!

Афанди тозон ба хонааш омаду ба писараш гуфт, ки як кас омада, дарвозаро тақ — тақ карда, маро мепурсад, ман дар хона нестам, фаҳмидӣ?

— Афандӣ ба писараш ин гапро гуфту ба хона даромада руст шуд.

Дере нагузашта, овози писарашро шунид, ки вай ба касе:

— Падарам дар хона нест, — мегуфт. Баъд ӯ хомӯш шуд.

Афандӣ кӣ будани шахси омада рафтаро донистанӣ шуда,

писарашро ҷеғ зад. Вай гӯё намешунид. Дар қаҳр шуда баромада:

— Чаро ман ҷеғ мезанаму ту ҳа намегӯӣ?! — гуфта писа- рашро коҳиш кард.

— Шумо дар хона нестед-ку, ба ки ман «ҳа гӯям»?! - ҷавоб дод писараш.

БАЧАГИИ САЛЛА

Мулло Насриддин дар кӯча бозии як гурӯҳ бачагонро та- мошо мекард. Як бачаи шӯх аз ақиби ӯ гузашта, саллаашро ра- буду ба тарафи рафиконаш андохт ва салла даст ба даст рафт. Мулло тавалло карда, аз паи бачагон давид, вале саллаи худро аз дасти онҳо гирифта натавонист. Маъюс шуда, ба хонааш бармегашт, ки турӯҳе ӯро сарлуч дида, сабаб пурсиданд.

Гуфт:

- Саллаам бачагии худро ба ёд оварда, барои бозӣ пеши бачагон рафт.

ЧИСТОНИ АФАНДӢ

Афандӣ халта бардошга мерафт, ки як тӯда бачахо аз пеш баромада:

— Амак, чӣ бардошта истодаед? — гуфта пурсиданд.

4

- Ёбед, — гуфт Афандӣ.

- Агар ёбем, чӣ медиҳед? -пурсиданд бачагон.

- Яктагӣ ҷормағз - гуфт Афандӣ.

- Дар халтаатон ҷормағз, - гуфтанд бачагон. Афандӣӣ ҳайрон шуда:

- Э, кадом бадбахт инро ба шумо хабар дод? - гуфт.

УЗР

Афандӣ як халта ҷормағзро ба пушташ партофта рафта истода буд, ки писараке аз пешаш баромад. Писарак даст ба рӯи сина гузошта, салом дод. Афандӣ аз баодобии писарак мутаассир шуда, халтаашро кушода, якто ҷормағз дод. Сахо- вати Афандӣ ҳамон лаҳза байни бачагон овоза шуд. Бачагон як-як аз пеши Афандӣ баромада, даст рӯи сина гузошта, салом додан гирифтанд. Афандӣ ҳам ба он ҳама бачаҳои ба- одоб яктагӣ ҷормағз додан гирифт, то замоне ки дар халтааш ягонта ҷормағз намонд. Ба назди масҷиди гузар расида буд, ки фарроши масҷид баромада даст рӯи сина гузошта, ба ӯ салом дод.

- Бо ҷону дил ба шумо хам ҷормағз медодаму лекин дар халта ҳеҷ чиз намонд, - гуфт Афандӣ.

最新版本12.02更新日誌

Last updated on 2018年10月13日

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

翻譯中...

更多應用信息

最新版本

請求 Латифахои халкии точики | латифа латифахо 更新 12.02

上傳者

Гомер Симсон

系統要求

Android 4.0+

更多

Латифахои халкии точики | латифа латифахо 螢幕截圖

評論載入中...
語言
語言
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
訂閱成功!
您已訂閱APKPure。
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
成功!
您已訂閱我們的郵件通知。