We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Киссахо аз Чавомеъу л хикоёт (кисса) icon

Киссахо аз Чавомеъу л хикоёт (кисса)

21.04 for Android

The description of Киссахо аз Чавомеъу л хикоёт (кисса)

ПЕШГУФТОР
Авфӣ Мухаммад ибни Мухаммади Бухороӣ (лақабаш дар ман- баъхои адабию таърихӣ Садидуддин, Нуруддин ва Ҷамолуддин омадааст, вале аксари мухаққиқон аввалинро пазируфтаанд), таз- киранигор, насрнавис ва шоир, яке аз намояндагони маъруфи ада- биёти форс-тоҷик, байни солҳои 1172 - 76 дар Бухоро ба дунё омадааст. Бобову падараш аҳли адаб, ашхоси фозилу донишманди замон буданд. Шаҷараи авлодии Авфӣ ба Абдуррахмон ибни Авф - яке аз сахобагони ҳазрати Муҳаммад (с) мерасад ва Авфӣ тахаллус карданаш аз хамин ҷост. Авфӣ илмҳои расмии даврро дар Мадраса, мустакилан ва низ дар назди донишмандони маъру¬фи Бухоро омухт. Соли 1201 бо мақсади вохурӣ бо олимону до-нишмандони замон, такмили илму дониш, инчунин хидмат дар дарбори хукмронон ба шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон ба сафар баромад. Дар Самарқанд солҳои 1201 -03 дар хидмати ҳукмрони ин шаҳр обрую эътибори хоссае дарёфт намуд ва мансаби сардори муншиён (дабирон, котибон)-и дарборро соҳиб гашт. Аз Самарқанд ба Нисо, Нишопур, Ғазнин, Хоразм, Ҳирот, Систон, Нишопур, Исфизор рафт. Дар ҷараёни сафархояш Авфӣ донишу таҷриба меандӯхт, бо зиндагии мардум ошно мегардид, дар дарборхо хидмат мекард, дар масҷидҳо ваъз мегуфт, аз ҳама бештар, бо олимону донишмандон вохӯрда, аз онхо сабақ мегирифт, дар мубоҳисаҳову маҳфилҳои илмӣ, мушоирахо иштирок мекард. Дар ин сафарҳо Авфӣ баъзан воқеъоти аҷоибу ғароибе аз cap гузаронидааст, ки аз онхо дар осори худ ҳикоят мекунад. Масалан, солҳои 1202 ё 1203 дар мавзее бо номи Шаҳри Нав - ноҳияе миёни Астарободу Хоразм вай бо роҳзанон дучор меояд ва онҳо мо¬лу дороияшро ғорат мекунанд. Авфӣ ба ҳокими Шаҳри Нав Нусратуддини Кабудҷома муроҷиат мекунад:
Эй шоҳ, ба базл баҳру коне дигарӣ,
Дар колбади мулку адл ҷоне дигарӣ.
3-он рӯй Кабудҷома мехонандат,
К-аз рифъату қадр осмоне дигарӣ.
Шеър ба Кабудҷома писанд омад, вале ӯ фурсати бо Авфӣ вохӯрданро пайдо накарда, тавассути фиристодаи худ аз матлаби шоир пурсон шуд. Авфӣ навишт:
Ҳарчанд ки бар бисоти шатранҷи ҳунар Имрӯз шаҳам, пиёда мебояд рафт.
Нусратуддини Кабудҷома ба Авфӣ асп ҳадя намуд ва ӯ сафа- рашро идома дод. Нусратуддин Кабудҷома соли 1203 ба дасти Муҳаммади Хоразмшоҳ, кушта шуд.
Авфӣ пас аз сафарҳо соли 1219 ба Бухрор баргашт, аммо ба сабаби нооромихо - ҷангу ҷидоли муғулон, ҳуҷуми онҳо ба Мовароуннаҳру Хуросон вай соли 1220 сафари Ҳиндустонро ихтиёр кард. Авфӣ ба вилояти Синд (ҷанубу шарқи Покистони имруза) омад ва ба хидмати ҳукмрони ин ҷо Носируддин Қубоча ворид гардид. Ин ҳокимро Авфӣ аз давраи сафари аввалаш ме- шинохт. Қубоча ӯро дар шаҳри Канбояти вилояти Синд қозӣ таъйин карда буд.
Дар дарбори Қубоча давраи наве дар зиндагии Авфӣ - таълифи асарҳо оғоз ёфт. Дар ин кор дастгиру мададгори Авфӣ вазири Қубоча-Айнулмулук Фахруддин Ҳусайн ибни Шарафулмулк буд. Солҳои 1221 - 1222 Авфӣ асари бузурги адабиётшиносиаш - тазкираи «Лубобу-л-албоб»-ро ба итмом расонд ва ба вазири номбурда бахшид. Пас аз хатми «Лубобу-л-албоб» Авфӣ ба на- виштани асари дигар «Ҷавомеъу-л-ҳикоёт ва лавомеъу-р-ривоёт» шуруъ кард, вале соли 1228 ҳокими Дехлӣ Шамсуддин Илтутмиш шаҳри Уч - маркази давлати Носируддин Қубочаро забт кард. Вазири Илтутмиш - Низомулмулки Ҷунайдӣ қалъаи
Бакарро, ки Қубоча он ҷо бо дарбориёнаш паноҳ, ёфта буд, фатҳ, намуд. Илтутмиш талаб кард, ки Қубоча ба хидматаш биёяд, ва¬ле ӯ ин амрро напазируфта, худро ба дарёи Синд андохт: маргро аз надимӣ авло донист. Илтутмиш дарбориёни Қубоча, аз чумла, Муҳаммад Авфиро ба Дехлӣ бурд ва он ҷо ӯ ба хидмат дар даргоҳи Илтутмиш шуруъ кард. Бо хоҳиши Низомулмулки Чунайдӣ таълифи «Ҷавомеъу-л-ҳикоёт ва лавомеъу-р-ривоёт»-ро идома дод ва онро солҳои 1232-33 ба итмом расонд. Аз ин ба баъд оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Муҳаммад Авфӣ хеҷ гуна маълумоте дастрас нагардидааст. Кай, дар куҷо вафот кардан ва макони мақбараи ӯ маълум нест. Эҳтимол ӯ чанде пас аз ин сол дар Дехлӣ вафот кардааст.
Show More

Киссахо аз Чавомеъу л хикоёт (кисса) Tags

Add Tags

By adding tag words that describe for Games&Apps, you're helping to make these Games and Apps be more discoverable by other APKPure users.

Additional Information

Advertisement
Previous versions
Similar to Киссахо аз Чавомеъу л хикоёт (кисса)
Comment Loading...
Ooops! No such content!
Popular Apps In Last 24 Hours
Recommended
Download
APKPure App