We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Хикоёти ачиб | Хикояти очиб Zeichen

13.01 by some simpe


Oct 18, 2018

Über Хикоёти ачиб | Хикояти очиб

Deutsch

Китоби "Ҳикоёти аҷиб" автор: Собирчон Ҳошимзона

Мундариҷа:

1. Мошони гаҳвораҷунбон

2. Қарқарак

3. Гурбачаи меҳмоннавоз

4. Дӯсти вафодор

5. Чугзак

6. Корнамоии Зангӯдак

7. Ғози танҳо

8. Оштӣ

9. Калтакалос

10. Роҳи сафед, «ҷанобон»

11. Лонаи парасту

12. Саги ғамхор

13. Аспи рамузфаҳм.

14. Қутоси шуҷоъ

15. Гурбаи вафодор

16. Саги роҳнамо

17. Аккаи думдароз

18. Калбуз

19. Мурғи курк - очаи гурбачаҳо

20. Зоғи беадаб

21. Муҳаббати мурғон

22. Муҳофизон

23. Кабӯтари хонагӣ

24. Туҳфаи арзанда

25. Изҳори некӣ ба лаклак

26. Пуфпуфак

27. Зоғи тақлидкор

28. Гови бешир

29. Тарки одат

30. Ангуштарӣ

31. Хушмеҳр

МОШОНИ ГАҲВОРАҶУНБОН

Нигинаи дӯстрӯяк бештар дар гаҳвора хоб мекард. Холаи Шарифамоҳ то аз хоб бедор шудани Нигина парпечҳои ӯро мешуст ва корҳои дигари хонаро ба сомон мерасонид. Гурбаи холаи Шарифамоҳ Мошони ҳушёру зирак дар паҳлӯи гаҳвора нишаста, Нигинаро посбонӣ мекард. Духтарча аз хоб бедор шуда, ба гиря даромад. Боз баландтар фарёд зада, хонаро ба сараш бардошт. Ба додаш касе нарасид. Шарифамоҳ нав парпечҳоро обгардон карда, ба тор тунук мекард. Дар ин ҳангом ба назди Шарифамоҳ Мошон давида омада, дар гирдаш як тоб хӯрду боз давида рафт. Мошон чанд гурбачаи навзод дошт ва аз назди онҳо дур намерафт, равад ҳам, зуд баргашта дар назди бачаҳояш менишаст. Бори дуюм ба пеши хола давида омад. Ин дафъа баланд ва илтиҷоомез: «мияв-мияв» карда, гӯё чунин мегуфт: «Чаро ба назди бачаат намеравӣ, ӯ гиря дорад!» Холаи Шарифамоҳ либосҳои охирини шустаашро ба тор тунук мекард.

Овози Нигина якбора хомӯш гардид. Холаи Шарифамоҳ корашро ба сомон расонида, ба хона даромад. Манзараи аҷиберо дида ангушти ҳайрат газид: дар назди гаҳвора ба рӯйи Нигина хам шуда Мошон хир-хиркунон гӯё алла мегуфт. Аз ҳама аҷоибаш он буд, ки ҳамаи гурбачаҳо назди гаҳвора ҷамъ шуда менишастанд.

Холаи Шарифамоҳ аз шавқи тамошои онҳо ангушт дар даҳон гузошта, чашм канда наметавонист.

ҚАРҚАРАК

Дар хонаи мо Хайбар ва Мошон зиндагӣ мекарданд. Хайбар ҳавлиамонро посбони мекунад. Мошон аз тирезача ба ошхона медарояд. Дар назди тиреза косачаи хӯроки вай меистад. Хӯрокаш ҳамеша тайёр, баъзан аз тирезача дар даҳонаш мушеро дошта мебарояд. Боре ба назди тиреза зоғе парида омад. Шояд хӯроки Мошонро дида, онро хӯрданӣ шудааст. Ман пай бурдам, ки зоғ бо нӯлаш ба шишаи тиреза мезанаду чизе мехоҳад, вале ман ба вай даст афшонда пеш кардам. Зоғ боз зуд баргашта омад. Ман ба вай ин дафъа аз хӯроки Мошон андаке ҷудо карда додам ва зоғ бо нӯлаш гирифта хӯрду «қар - қар» овоз бароварда, гӯё «раҳмат, раҳмат» гуфта парида рафт.

Зоғ ба ман одат кард. Ҳар рӯз омада мешинаду ба шишаи тиреза нӯл мезад ва ғизо диҳам, бо иштиҳо мехӯрд ва рафта-рафта луқмаро аз дастам мегирифт. Мо ӯро Қарқарак ном гузоштем. Қариб ду моҳ аст, ки Қарқарак аз хонаи мо дур намеравад. Аз даричаи тиреза «Қарқарак, Қарқарак, канӣ ту?» - гӯем, албатта, аз худ дарак дода, дар паси тиреза омада мешинад.

Ман пештар намедонистам, ки зоғ ҳам зебо мешудааст. Пушти сип-сиёҳи Қарқаракро гӯё бо рӯймол шоли кабуд пӯшида бошанд ва ба сараш тоқии сиёҳеро гузоштаанд. Чашмонаш баъзан сиёҳ ва баъзан кабудча ҷило медиҳанд. Овозаш ҳам он қадар бад нест: гоҳе дароз «қа-а-а-а-р», баъзан канда-канда «қар-қар» ба гӯш мерасад.

Зоғи мо дар шохи дарахти паси тиреза шабро рӯз мекунад. Пагоҳӣ ба вай муроҷиат мекунам: «Салом, Қарқарак!» Вай дар ҷавоб қанотҳояшро мекушояд, почаҳояшро ба навбат дароз мекунад ва бо садои паст ким - чӣ мегӯяд. Мо бо вай чунон дӯст шудем, ки ман ҳар ҷо равам, чун соя аз ман канда намешавад. Агар ба саргаҳи полезамон рафта ба рӯйи сабзазор нишинам, аз либосҳоям мекашад ва ба пойафзолам нӯл зада бозӣ мекунад. Кӯшиш мекунад ба ман хушомад зада, бо ман дилхушӣ намояд. Вақтҳои охир аз ман намерамад. Ба дастам омада мешинад. Ӯро дошта, сарашро сила мекунам, парҳояшро мекашам. Ин қабил амалҳо ба вай хеле маъқул аст. Вай ҳам ба ивази меҳрубониҳоям гарданашро меёзонад, қоматашро баланд карда худро намоиш медиҳад.

Was ist neu in der neuesten Version 13.01

Last updated on Oct 18, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Übersetzung wird geladen...

Zusätzliche APP Informationen

Aktuelle Version

Хикоёти ачиб | Хикояти очиб Update anfordern 13.01

Von hochgeladen

ปอนด์ 'กลับ 'แป้ง

Erforderliche Android-Version

Android 4.0+

Mehr anzeigen

Хикоёти ачиб | Хикояти очиб Screenshots

Kommentar wird geladen...
Sprachen
Sprachen
Abonnieren Sie APKPure
Erhalten Sie als der Erste den Zugang zu Vorabversionen, Neuigkeiten und Anleitungen der besten Android-Spiele und -Apps.
Nein, danke
Anmeldung
Erfolgreich abonniert!
Sie haben jetzt APKPure abonniert.
Abonnieren Sie APKPure
Erhalten Sie als der Erste den Zugang zu Vorabversionen, Neuigkeiten und Anleitungen der besten Android-Spiele und -Apps.
Nein, danke
Anmeldung
Erfolg!
Sie sind jetzt unseren Newsletter abonniert.