Шоҳнома. Ҷилди 1. Қисми 3. icon

Шоҳнома. Ҷилди 1. Қисми 3. APK

The description of Шоҳнома. Ҷилди 1. Қисми 3.

РАФТАНИ ФАРИДУН БА ҶАНГИ ЗАҲҲОК

Фаридун ба хуршед - бар бурд сар,
Ба кини падар танг басташ камар.

Бурун шуд ба шодӣ ба хурдодрўз,
Ба некахтару фоли гетифурўз.

Сипоҳ анҷуман шуд ба даргоҳи ўй,
Ба абр андаромад сари гоҳи ўй.

Ба пилони гарданкашу говмеш
Сипаҳро ҳаме тўша бурданд пеш.

Каёнўшу Пурмоя бар дасти шоҳ
Чу кеҳтар бародар варо некхоҳ.

Ҳаме рафт манзил ба манзил чу бод,
Саре пур зи кина, диле пур зи дод.

Расиданд бар тозиёни наванд,
Ба ҷое ки яздонпарастон буданд.

Даромад дар он ҷои некон фуруд,
Фиристод наздики эшон дуруд.

Чу шаб тиратар гашт, аз он ҷойгоҳ
Хиромон биёмад яке некхоҳ.

Фурў ҳишта аз мушк то пой мўй,
Ба кирдори ҳури биҳиштиш рўй.

Суруше бад-ў омада аз биҳишт,
Ки то бозгўяд бад-ў хубу зишт.

Show More
Popular Apps In Last 24 Hours
Download
APKPure App