Хутбахои минбари icon

Хутбахои минбари APK

210 votes, 4.8/5
  • Author:

    Amicotorino

  • Latest Version:

    1.0

  • Publish Date:

    2015-03-17

The description of Хутбахои минбари

ПЕШГУФТОРИ МУАЛЛИФ
Ба номи Худованди донову ҳаким

Ҳамду сано ва шукри бепоён ба Парвардигоре, ки инсонро офарид. Барои саодати ў Паёмбаронашро аз Одам то Хотам паёҳам фирист. Баҳар умматон китобу суҳуф ба дасти расулон нозил фармуд. Уммати Муҳаммад алайҳи салом яъне моёнро бо беҳтари китоби осмони Қуръони карим ва беҳтарин Паёмбарон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам сарфароз гардонид. Дуруду салом бо адади регҳо ба пешвои уммат Муҳаммад саллаллоҳ алайҳи ва саллам, ки ба ҳар кори хайре агарчи хурд аст фармуда ва аз ҳар кори баде агарчи хурд аст ҳазар намуданд. Инчунин салому дуъои моён ба саҳобагони сарбаланду ёрон, хонаводаи поки эшон ва ҳар касе, ки то рўзи ҷазо ба неки ононро пайрав намуд.
Шукр ба Аллоҳ мегўем, ки барои мо неъматҳои зиёде ато фармудааст, ки аз шуморидани адади он оҷиз мемонем. Аз бузургтарин неъмат барои мо ин пайрав будан ба сарчашмаи саодати инсонӣ дини мубини ислом, гузаштагони нек ва ниёгони хуб мебошад. Аз ҷумлаи неъматҳои Илоҳӣ ин истиқлолияти ҷумҳурии азизамон, сулҳу салоҳ, амну оромии мардуму кишвар ва дастархони пур аз неъматҳои дастрасу фаровон мебошад.
Аллоҳ кунад, ки қадри ин неъматҳоро карда эҳтиёти карда бошем, зеро шукронаи неъмат ин зиёдшавии он аст. «Шукри неъмат неъматат афзун кунад, куфри неъмат аз кафад берун кунад». Шукри Аллоҳ, ки имрўз бо шарофати истиқлолият ва сиёсати пешгирифтаи Презеденти кишварамон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баландравии сатҳи зиндагии мардуми кишварамон ва маърифатнокӣ рўз аз рўз ба болову тараққиёт рўй оварда истодааст. Дарҳои масоҷид низ боз буда, мўҳтарам домуллоҳои гиромиамон мардумро аз минбари намози ҷумъа ба ахлоқи ҳамида, яктопарастӣ, дўстиву бародарӣ, дар мазҳаби имоми Аъзам ҷамъ шудан, аз ҳар гуна фирқаву ҳизбҳои номатлубе, ки сабаби фитна ва парокандагӣ мешаванд, дур будан ва ғайра некиҳои дунёву охират даъват карда истодаанд. Ба банда низ ин неъмат расида, ки бо шарофати он аз минбари масҷиди «Имом Бухорӣ»-и ҷамоъати деҳоти Унҷӣ ба аҳли намозгузорони намози ҷумъа амри ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунам. Ҳамон тавр, ки аҳли ҳузур ва шунавандагон баҳра бардоштаанд, хостам ки ғоибон низ баҳра бардошта бошанд ва низ аз ман як амали хайр боқӣ монад, он суханони ба самъи мардум расонидаамонро рўи варақ бо услуби соддаву равон оварам.
Паёмбар саллаллоҳи алайҳи ва саллам гуфтаанд: «Вақто, ки инсон вафот мекунад ба ҷуз се чиз ҳама қатъ мегардад… (яъне, ба инсоне чизе фоида намерасад ба ҷуз се, яке аз ин се илме, ки баъди сари ў мардум манфиат гиранд». Агарчи дар мавзўъҳои зиёди манфиатовар сўҳбат кардаам аммо дар ин китоб баъзе аз онҳоро ба хотири бузург нашудани китоб ихтисор кардам. Ин китобро «Хутбаҳои минбарӣ аз масҷиди Имом Бухорӣ» номгузори кардам, ки дар он 23 мавзўҳои фоидаовар дар бобати одобу ахлоқ, эҳтироми оила, ибрат аз гузаштагони нек, занони покдомани Паёмбар алайҳи салом, шахсияти Муҳаммад саллаллоҳ алайҳи ва саллам, таърихчаи Имом Бухорӣ, аз ахлоқи пасту разила дур будан ва ғайрҳо, ки хонандаи гироми ҳангоми қироъат ошно мегарданд, иборат мебошад.
Албатта дар ин китоб ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат, мазҳаби имоми Аъзам (р), риояи бардошт ва мафҳуми мардумро эътибор гирифта бо ҳикмат ва бо далеле аз оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои саҳеҳи Паёмбар алайҳи салом баён кардаам ва низ ровии ҳадис ва дараҷаи онро ишора кардам, то хонандаи азизи мо ҳангоми хондани ҳадис дилаш ором гирифта бошад.
Аллоҳ кунад, ки бо ин кор каме ҳам бошад ба мардуми маърифатпарварам манфиат расонида, сабаби хушбахтии онон дар дунёву охират шуда бошам. Аллоҳи меҳрубон илоҳо дунё, ки зиндагонии мо аст онро обод намоӣ. Дин, ки сарбаландии мо аст поябанди дини ҳақиқат намоӣ. Охират, ки бозгашти мо аст аз ҷаннатул Фирдавс ҷой ато намоӣ. Илоҳо ҷумҳурииамонро аз ҳар гуна балову офатҳои заминиву осмонӣ ва душманони дохиливу хориҷӣ нигаҳ дошта, файзу баракат, амну оромӣ ва сулҳу салоҳро пойдор намо.
Хонандаи гироми дар ҳаққи банда ва ҳар касе, ки ба кори хайр кўмак расониданд низ дуъоро фаромўш накунед.

Ҳоҷӣ Абуҷамил Юсуфӣ,
филолог, шарқшинос

Show More
Хутбахои минбари APK Version History
Request Хутбахои минбари UpdateRequest Update
Хутбахои минбари 1.0 for Android 2.2+ APK Download

Version: 1.0 (1) for Android 2.2+ (Froyo, API 8)

Update on: 2015-12-21

Signature: e49ad4f4cc84df9cbd1a4f345c614bfc5d367616 Хутбахои минбари 1.0(1) apk safe verified

APK File SHA1: 6ddc26c71d3091c26c136872a608fb1323829b38

Download APK(3.7 MB)

Popular Apps In Last 24 Hours
Download
APKPure App