Умари Хайём.Рубоиётхо icon

Умари Хайём.Рубоиётхо APK

15 votes, 4.8/5

The description of Умари Хайём.Рубоиётхо

То битвонӣ ранҷа магардон касро,
Бар оташи хашми хеш маншон касро,
Гар роҳати ҷовидон тамаъ медорӣ,
Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро.

* * *


Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист.

* * *

Чун дар гузарам, ба бода шӯед маро,
Талқин зи шароби ноб гӯед маро.
Хоҳед ба рӯзи ҳашр ёбед маро,
Аз хоки дари майкада ҷӯед маро


Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгари пешаи деринаи туст.
Вей хок, агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари пурбаҳо, ки дар синаи туст.

* * *

З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо,
Н - омад ба ҷуз аз балову ғам ҳосили мо.
Афсӯс, ки ҳал нагашт як мушкили мо,
Рафтему ҳазор ҳасрат андар дили мо.

Show More
Popular Apps In Last 24 Hours
Download
APKPure App