САД  ГАЗАЛ. Абдураҳмони Ҷомӣ. icon

САД ГАЗАЛ. Абдураҳмони Ҷомӣ. APK

2 votes, 5.0/5

The description of САД ГАЗАЛ. Абдураҳмони Ҷомӣ.

САД ГАЗАЛ. Абдураҳмони Ҷомӣ.

Баски дарди сар зи фарёду фиѓони худ кашам,

Аз даҳон чун нола мехоҳам забони худ кашам.

Ҷон баромад, лекин аз дил барнамеояд ҳанӯз,

К-аз дилу ҷон новаки абрӯкамони худ кашам.

Меҳмон шуд моҳи ман, дардо, чи ҷуз ҷон тӯҳфае

Нест дар дастам, ки пеши меҳмони худ кашам.

То даромад аз дарам он сарв, ҳар дам дидаро

Кӯҳли биноӣ зи хоки остони худ кашам.

Мекашам аз сина бепайкон хадангашро, чу нест

Қуввати онам, ки пайкон з-устухони худ кашам.

Сар, ки бораш мекашам умре ба дӯш, аз баҳри чист,

Гар на рӯзе дар раҳи сарви равони худ кашам?

Дафтари Ҷомист ин аз гуфтаҳои ишқ пур,

Мебарам, то пеши шӯхи нуктадони худ кашам.

Show More
Popular Apps In Last 24 Hours
Download
APKPure App