ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ.Абдураҳмони Ҷомӣ icon

ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ.Абдураҳмони Ҷомӣ APK

2 votes, 4.5/5

The description of ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ.Абдураҳмони Ҷомӣ

Чу ашки хештан ғалтам миёни хоку хун шабҳо,
Зи рашки он ки бинам ҷоми майро лаб бар он лабҳо.
Шудӣ машҳури шаҳр он сон ки ҳамчун ʺСураи Юсуфʺ,
Ҳамехонанд тифлон қиссаи ҳуснат ба мактабҳо.
Ба хоб ар бар дарат ёбанд ҷо ҷонҳои муштоқон,
Ба бедорӣ куҷо оянд дигар сўйи қолабҳо?!
Зи ту ҳар шаб зи бас ё раб равад, ба р осмон афтад,
Малоикро ғалат дар сабҳа аз ғавғои ёрабҳо.
Танамро з‐оташи дил ҳар дам афзояд табе дигар,
Худоро, эй аҷал , раҳме, ки ҷонам сўхт з‐ин табҳо!
Шудам бадбахт з‐ашки худ, нашуд, оре маро ҳаргиз,
Саодатмандие рўзӣ аз ин сайёра кавкабҳо.
Зи ҳафтоду ду миллат кард Ҷомӣ рў ба ишқи ту,
Бале, ошиқ надорад мазҳабе ҷуз тарки мазҳабҳо.
Show More
Popular Apps In Last 24 Hours
Download
APKPure App